Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба пурзӯр намудани назорати молиявӣ барои харҷи маблағҳои буҷетӣ шинос шуд.
Сарвари давлатамон бо муаррифии таҳияи нақшаҳои генералии ноҳияву шаҳрҳо шинос шуд.
Ба Президент Шавкат Мирзиёев тақдимот оид ба чораҳои рушди минбаъдаи саноати заргарӣ, дастгирӣ намудани фаъолият оид ба истеҳсол ва фуруши маснуоти заргарӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти тайёр намоиш дода шуд.
Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев нақшаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Туркия ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев 13 май бо тақдимот оиди нақшаҳои зиёд кардани истеҳсоли ангишт шинос шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев 10 май бо пешниҳодот оид ба мутобиқсозии хоҷагии қишлоқ ба тағйирёбии иқлим, босамар истифода намудани замин ва равнақи илми соҳа шинос гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи такмили аэропорти байналхалқии Намангон шинос гардид.
Бо ташаббуси роҳбари давлат соли 2017 дар ноҳияи Тӯрақӯрғон мактаби эҷодӣ, боғ ва музейи Исҳоқхон Ибрат сохта шуда буд.
Президент Шавкат Мирзиёев 12 март бо муаррифии пешниҳод бино бар вусъат додани фаъолияти соҳибкорон ва ҷалби онҳо ба содирот шинос гардид. Роҳбари давлати мо дар бораи зарурати он ҳанӯз дар машварати видеоие, ки 18 декабри соли 2023 баргузор шуда буд, изҳори назар кардааст. Баъд аз ин дар пояи таклифи соҳибкорон бо иштироки коршиносон муносибатҳои нав коркард шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев 1 феврал бо тақдимот дар бораи тадбирҳои рушди корхонаҳои металлургӣ шинос шуд. Комбинатҳои маъдани кӯҳии Навоӣ, маъдани кӯҳии Олмалиқ, комбинати маъдани кӯҳии Ӯзбекистон ва корхонаи давлатии «Навоийуран» дар иқтисодиёти мамлакатамон мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Дар солҳои охир ба ин чаҳор корхона 7 миллиарду 400 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Дар натиҷа истеҳсоли тилло 23 фоиз, мис 41 фоиз, нуқра 60 фоиз афзуд. Дар комбинати Навоий 4 кони нав азхуд карда, 3 завод ба кор андохта шуд. Дар «Ӯзметкомбинат» ва «Навоийуран» низ истеҳсоли маҳсулот афзуд.