Дар давоми соли ҷорӣ қисми асосии беш аз 48 ҳазор муроҷиате, ки ба Кумитаи рақобат ворид шудааст, бо пешниҳоди маълумоти нодуруст, гумроҳкунанда ё нопурра дар бораи тахфиф ё аксия вобаста мебошанд.
Ҳокимияти шаҳри Тошканд барои аксбардорӣ ва наворгирӣ ба мақсадҳои реклама ва тиҷорат дар бозор ва марказҳои савдо тартиботи навро тасдиқ кард. Акнун чунин хидматрасонӣ барои ҳар соат 5 миллион сӯм муқаррар гардид.
Бо Қонун (№ ҚҶӮ–1095 аз 11.11.2025) ба баъзе санадҳои қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон акнун метавонанд барои сафари Ҳаҷ ва Умра ба таври онлайн сабти ном кунанд.
Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Вазорати Ҳаҷ ва Умра барои мавсими “Ҳаҷ-2026” низоми нав ҷорӣ намуд.
Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 октябри соли 2025, № 637 Рӯйхати соҳаҳо, муассисаҳо, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳое, ки ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок медиҳанд, инчунин Низомнома оид ба тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин рӯйхат тасдиқ гардид.
Бо ташаббуси ҳокимияти шаҳри Тошканд ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои аҳолӣ ва дастрасии онҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои дастрас, дар бозорҳои пойтахт ярмаркаҳои махсуси савдо ташкил шудаанд.
Дар Маркази ҷумҳуриявии махсуси илмӣ-амалии тиббии ҳифзи саломатии модар ва кудак, филиали вилояти Сирдарё таҳти роҳбарии акушер-гинекологи дараҷаи якум Шаҳло Хоҷаева ҷарроҳии мураккаб бо муваффаққият анҷом дода шуд.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 9 738 дугоник таваллуд шудаанд.
Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки дар моҳи августи соли 2025 барои 606,6 ҳазор хонаводаи камбизоат тавассути БСТ «Бонки мардумӣ» 332,9 миллиард сӯм ҷудо шудааст.