Боғи «Янги Ӯзбекистон» ва Муҷассамаи истиқлолият кушода шуд

    Ҳукумат 31 Avgust 2021 24014

    31 августи соли 2021 маросими ботантанаи кушода шудани боғи «Янги Ӯзбекистон» ва Муҷассамаи истиқлолият, ки бахшида ба 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардида буд, ба амал омад.

    Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сухан баромад.

    – Имрӯз ҳамаи мо, халқи сермиллати мо бо шодмонӣ ва шукӯҳи тозаи 30-солагии истиқлолияти Ватан ҳаёт ба сар бурда истодаем. Халқи меҳнаткаш ва олиҷаноби мо, ки аз қадимулайём дар обод намудани боғу роғҳо, шаҳру деҳот, обидаҳои мадании ноёб шуҳратёр гаштаанд, ба вазъияти мураккаби пандемияи глобалӣ нигоҳ накарда, бо меҳнати муносиб ва зафарҳои худ ин санаи таърихиро пешвоз гирифта истодаанд, – гуфт роҳбари давлат. – Ба ин боғ 1 майи соли ҷорӣ ниҳолҳои аввалин шинонда шуда буданд. Бо олимони таърихнигор, зиёиён, эҷодкорон, собиқадорон ва ҷавонон маслиҳат намуда, ба ғоя ва сатҳи меъмории маҷмӯи «Янги Ӯзбекистон» эътибори алоҳида нигарондем. Агар аз боло назар андозем, тарҳи боғ ба панҷ шохаи дарахти бузург монанд аст. Ин маънои рамзии панҷ самти устувори стратегияи ҳаракатро ифода менамояд. Дар ин боғи зебо барои истироҳати хуби аҳолии пойтахт, ҳудудҳо ва меҳмонони хориҷӣ, бо оила ва фарзандонашон бофароғат дам гирифтани онҳо тамоми қулаиҳо ва шароити замонавӣ муҳайё карда мешавад.

    Кӯли сунъӣ, майдончаҳои варзиш, бозигоҳҳои бачагона, амфитеатр, фаввораҳо, иншоотҳои савдо ва хизматрасонӣ, дуконҳои ҳунармандӣ ташкил карда мешаванд. Дар қисми марказии боғ обидаи муҳташам – Муҷассамаи истиқлолият барпо карда шуд.

    – Имрӯз мо 30-солагии истиқлолияти Ватанамонро ҷашн гирифта истодаем. Дар асл, давраи таърихи давлатдории миллии ҳудуди Ӯзбекистон аз се ҳазор сол зиёд аст. Ин ҳақиқати илмиест, ки дар фанни таърихи ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар офаридани Муҷассамаи мазкур ба равшан ифода намудани ғояи консептуалӣ ҳаракат кардем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Маълум аст, ки халқи мо дар тӯли ҳаёти қадимии худ воқеаҳои хурсандибахш, душвориҳо, дар баробари зафару комёбиҳо рӯзҳои фоҷианокро низ аз сар гузарондааст. Дар Муҷассамаи истиқлолият ҳамаи ин ба таври ҳунарӣ акси худро ёфтаанд.

    – Халқе, ки аз комёбӣ ва зафарҳои гузаштаи худ нерӯ гирифта, аз хато ва маҚлубиятҳо хулоса бароварда, сабақ гирифтааст, ба роҳи рости ояндаи дурахшони худ меравад. Аз ин сабаб дар тимсоли ин ёдгорӣ аз таърихи қадим сар карда то имрӯз ифода намудани воқеаву ҳодисаҳои муҳими Ӯзбекистонро қарор кардем, – гуфт Президент.

    Дар маҷмӯа симоҳои барҳаёти саркарда ва ҷаҳонгирон, аллома ва мутафаккирон, бобоёни ҷадиди мо акс ёфтаанд. Дар лавҳаҳо ҳаёти пурмашаққат ва душвори сохти мустабиди собиқ Ӯзбекистон, сиёсати қатағон, матонат ва ҷасорати халқҳо, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон додаанд, таъсирбахш ифода ёфтаанд. Халқ бо роҳбарии Президенти нахустини Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов ба истиқлолияти миллӣ расид, ба акс намудани ин роҳи пуршараф эътибори алоҳида дода шуд.

    Ёдгорӣ дар кишварамон, аз он ки ҳамоҳанг бо ғояи бунёди пойдевори Эҳёи сеюми Ӯзбекистони нав бунёд гардидааст, аҳамиятнок аст. Дар он гунбади зумрадгуни салтанати Соҳибқирон Амир Темур, ки рамзи давлатдории миллии мост, кашфиёти нодиртарини он бобоёни мутафаккирамон, ки ба илму фан ва тамаддуни ҷаҳон саҳми беназир гузоштаанд, бо тамоми шукӯҳу шаҳомати худ пеши назарамон муҷассам аст.

    Тасвири мурғи Ҳумо, ки ба осмон парвоз кардааст ва рамзи сулҳу озодӣ, некиву фаровонӣ мебошад, дар қисми болоии муҷассама мисли гултоҷ қарор гирифтааст.

    – Муҷассамаи истиқлол чун обидаи бузург ба шарафи халқи марду ҷасур, сулҳпарвар, меҳнаткаш ва қаҳрамони мо қад рост кард. Ин суханони пурмаъное, ки дар пойи муҷассама ҳак шудаанд: «Аҷдоде, ки дар таърихи халқамон нақши нек гузоштаанд, ҳамеша дар қалбамон» нисбати хотираи падару бобоёнамон аз эҳтироми авлоди имрӯз дарак медиҳад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар маросим собиқадорон ва намояндагони илму фан ба сухан баромада, ҳамаро бо ин рӯйдод табрик намуданд.

    Президент Шавкат Мирзиёев якҷоя бо намояндагони ҷамъият Муҷассамаи истиқлолиятро кушод. Дар пойи маҷмӯъ гулҳо гузошта шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates