Дар Ӯзбекистон Барномаи миллии муборизаи зидди чангу тӯфон тасдиқ шуд

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба мубориза бо тӯфони чанг ва беҳтар намудани сифати ҳавои атмосфера» (№ ҚП-338, 24.09.2024) қабул гардид.

    Мувофиқи он Барномаи миллии мубориза бар зидди тӯфони чанг ва рафъи оқибатҳои он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2024-2030 тасдиқ карда шуд.

    Зеринҳо чун самтҳои асосии Барномаи миллӣ муқаррар гардиданд:

    – ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар пешгирӣ ва рафъи тӯфонҳои чангу қум ва дар минтақаҳо васеъ намудани майдонҳои сабз;

    – то соли 2028 нисбат ба ҳолати кунунӣ 50 дарсад кам кардани сар задани тӯфонҳои сахти чанг.

    – аз 1 январи соли 2025 насби стансияҳои хурди автоматӣ барои мониторинги заминавӣ дар 12 ноҳияи Тошканд оғоз мешавад.

    – аз 1 январи соли 2026 дар монитор ва таблоҳои махсус, ки дар Тошканд гузошта мешаванд, ба таври ҳатмӣ маълумотҳо дар бораи сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфера ва маълумотҳои гидрометеорология эълон карда мешавад.