Дар ин бора канали телевизионии CNN хабар дод.
Қайд мешавад, ки шахси сироятшуда аз Африқои Шарқӣ баргаштааст, ки дар он ҷо хуруҷи беморӣ ба амал омадааст. Ҳоло ӯ дар хона дар изолятсияи худ қарор дорад ва вазъи саломатиаш беҳтар шуда истодааст. Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) барои пайгирии эҳтимолии алоқаҳои ин шахс кор мекунад, хабар медиҳад lenta.ru.
Дар моҳи август дар бораи ҳолати аввалини сироят бо mpox дар Шветсия хабар дода шуд. «Шахси зарардида ҳангоми будубош дар минтақаи Африқо, ки хуруҷи калони mpox ба амал омадааст, сироят ёфтааст», — гуфт директори иҷроияи муваққатии Идораи тандурустии ҷамъиятии Шветсия Оливия Вигзелл.