«Мо якҷо бо ҳамкасбонамон 17-умин Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея»-ро баргузор кардем», – навиштааст роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар шабакаи телеграмии худ. – Мо ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Е. П. Чо Тхэ Ёл ва дастаи ӯ барои меҳмоннавозии гарм арзи сипос менамоем. Имрӯз Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон мебошад. Мо мубодилаи ҳаматарафаи афкор доштем, ки мақсад аз он нашъунамои умумӣ мебошад. Мо бо ин маҳдуд нашуда, дар соҳаҳое, ба мисли мубориза бо мушкилоти экологӣ, таъмини занҷирҳои боэътимоди таъминот, коркарди маъданҳои муҳим, рақамисозӣ ва сайёҳӣ ташаббусҳо ва самтҳои нави ҳамкориро баррасӣ кардем. Мо барои татбиқи он потенсиали бузург ва имкониятҳои воқеӣ дорем».
Дар Машҳад ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ баргузор гардид
3-юми декабри соли 2024 дар шаҳри Машҳад ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.