Дар фурудгоҳи Тошканд пештахтаи иҷораи автомобилҳо кушода шуд

    Нақлиёт 22 May 2024 1070

    Мусофироне, ки ба Тошканд меоянд, акнун имкон доранд, нақлиёти автомобилиро бевосита дар фурудгоҳ ба иҷора гиранд - ширкати оид ба иҷораи автомобилҳо таҳти бренди Europcar аз 20 май ба кор шурӯъ кард.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти “Uzbekistan Airports” пештахтаи майдонаш 8 метри мураббаъ, ки тавассути савдоҳои музоядаи майдони электронии E-auksion.uz ба даст оварда шудааст, дар баромадгоҳи толори фурудгоҳи байналмилалии Тошканд воқеъ гардидааст. Барои иҷораи мошин мусофире, ки ба фурудгоҳи пойтахт меояд, бояд ба назди пештахтаи Europcar рафта, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳодатномаи ронандагӣ пешниҳод кунад. Баъд, бояд мошинро тавассути яке аз платформаҳои онлайнии Europcar.com, Expedia.com, EconomyBookings.com интихоб карда, шартнома бандед ва пасандоз гузоред ё маблағи иҷораро пурра пардохт кунед. Баъди ба охир расидани бақайдгирӣ ба мусофир калидҳо дода, ба автомобил гусел карда мешаванд.

    Дар сарои нақлиёти автомобилии ширкат шумо метавонед мошини истеҳсоли маҳаллӣ ё хориҷӣ, инчунин мошини бо барқ ё бо бензин коркунандаро интихоб кунед. Қобили зикр аст, ки мошинҳои истеҳсолашон аз чор сол зиёднабуда, бо масофаи на бештар аз 80 ҳазор километр ба иҷора дода мешаванд.

    Барои маълумот: Europcar ширкат оид ба иҷораи автомобилҳо бо қароргоҳаш дар Париж буда, соли 1949 таъсис ёфтааст. Он ба ширкати сармоягузории фаронсавии Eurazeo тааллуқ дорад, дар парки худ беш аз 250 ҳазор мошин, ҳудуди се ҳазор нуқтаи иҷора дорад ва дар 150 кишвари ҷаҳон ширкат мекунад.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates