Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бунёди минтақаҳои муҳофизатии фаромарзӣ густариш медиҳанд

    Сайёраи сабз 16 Fevral 2024 1647

    Дар ҳошияи Конфронси 14-уми ҷонибҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷиратӣ мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва вазири экология, ҳифзи муҳти зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ба вуқӯъ пайваст.

    Масъалаҳои татбиқи меморандуми ҳусни тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин ба мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар самти афзоиши саршумори уриалҳо, дигар ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон дар мамнӯъгоҳи давлатии "Ромит" ва манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бунёди минтақаҳои муҳофизати фаромарзӣ ва чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи идоракунии минтақаҳои муҳофизатшаванда ва як қатор масъалаҳои дигар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Баҳодур Шерализода Азиз Абдуҳакимовро ба Конфронси байналмилалии даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки моҳи июн дар Душанбе баргузор мешавад, даъват кард.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates