Ўзбекистон ва БАТР рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ҷорӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд

    Сармояҳо 16 Aprel 2024 1893

    15 апрели соли ҷорӣ вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ўзбекистон Лазиз Қудратов бо директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ Жушанна Харгитай мулоқот анҷом дод.

    Рафти татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ бо иштироки БАТР ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо баррасӣ шуд.

    Масъалаҳои ташкилии омодагӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо БАТР мувофиқа карда шуданд.

    Сандуқи БАТР 16 лоиҳаи ба маблағи умумии 391,3 миллион евро анҷомёфтаро дар соҳаҳои обтаъминкунӣ ва коркарди об, энергетика, гармидиҳии марказӣ, нақлиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва инчунин 15 лоиҳаи ҷоришаванда ба маблағи умумии 3 миллиард евро дар бар мегирад.

    Дар бахшҳои обтаъминкунӣ, маориф, энергетика, таҷдиди роҳҳо, нақлиёт ва идоракунии партовҳои сахт 8 лоиҳа ба маблағи 815 миллион евро дар марҳалаи таҳия қарор дорад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates