Ӯзбекистон - АМА: сармоягузориҳои нав ба идоракунии партовҳо ва тозакунии об ҷалб карда мешаванд

    Сармояҳо 1 May 2024 1852

    30 апрел дар Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим мулоқоти вазири экология Азиз Абдуҳакимов бо президент ва Директори генералии ширкати АМА «Vision Invest» Умар Н.Ал-Миданӣ баргузор гардид.

    Дар рафти вохӯрӣ ба ҷониби хориҷӣ дар бораи ислоҳоти васеъмиқёси маъмурӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд.

    Намояндагони ширкат бо ҳадафҳо ва вазифаҳои аввалиндараҷаи мутобиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 31 майи соли 2023 ҚП-171 «Дар бораи чораҳои ташкили самараноки фаъолияти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим» дар назди вазорат гузошташуда шинос шуданд.

    Дар баробари ин, нақши татбиқи тадбирҳои пайгирона оиди ба меъёрҳои байналмилалӣ расондани сатҳи хизматрасонии марбут ба партовҳои маишӣ, ба таври назаррас баланд бардоштани сатҳи коркарди партовҳои тавлидшуда, пешгирии ҷамъшавии партовҳо дар партовгоҳҳо, кам кардани таъсири манфии партовҳо муҳити зист, татбиқи принсипи «бепартов» ва рушди иқтисодиёти даврашакл таъкид гардид.

    Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳияи консепсияҳои муштараки ояндадори лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи идоракунии партовҳои хатарнок, инчунин тозакунии захираҳои об бо мақсади беҳтар намудани вазъи муҳити зист ва сифати ҳаёти аҳолӣ ба мувофиқа расиданд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates