Имрӯз аҳолии кишвари мо аз 37 миллион нафар зиёд аст. Танҳо дар ҳамин сол 215 ҳазор оилаи нав барпо гардидааст, ки ин талаботро ба манзил ба таври назаррас зиёд мекунад.
Дар соли ҷорӣ манзилҳои бисёрошёнаи 100 ҳазор ҳуҷрадор ба истифода дода мешаванд. Барои соли оянда сохтмони манзилҳои 120 ҳазор ҳуҷрадор ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, бо назардошти талаботи афзоянда дар ин соҳа фаъолияти ношаффофи соҳибкорон низ ба мушоҳида мерасад. Набудани низоми муназзами пардохтҳо, рақамисозӣ ва шаффофият шароитро барои сӯиистифода фароҳам меорад. Бисёре аз шаҳрвандон маблағҳои худро барои манзили нав бевосита ба сохтмончиён месупоранд, ки боиси афзоиши сектори хуфиёна мегардад. Зиёда аз ин, аксар вақт муҳлати супоридани манзил ба таъхир меафтад ва маблағҳои пардохташуда дар ҳолати "яхбандӣ" қарор мегиранд. Аксар шартномаҳои саҳмгузорӣ расман ба қайд гирифта намешаванд ва ба нафъи сохтмончиёни ношаффоф хидмат мекунанд.
Ба ин муносибат дар ҷамъомади 23 сентябр Президент супориш дод, ки низоме таҳия карда шавад, ки ҳангоми харидории манзил ҳимояи маблағҳои аҳолиро кафолат диҳад. Дар ҷараёни тақдимот пешниҳодҳои дахлдор баррасӣ шуданд.
Тавре қайд шуд, дар таҷрибаи хориҷӣ низоми эскроу худро нишон дод. Тибқи ин модел, барои ҳар як объекти сохтмонӣ дар асоси шартнома байни фармоишгар ва бонк дар бонки тиҷоратӣ суратҳисоби эскроу кушода мешавад. Ҳисобу китоб барои амволи ғайриманқул тавассути ҳамин суратҳисоб амалӣ мегардад. Аз маблағҳои дар ин суратҳисоб ҷамъшуда, бонкҳои тиҷоратӣ метавонанд ба фармоишгар бо фоизи паст қарзҳо пешниҳод кунанд. Пас аз анҷоми сохтмон, маблағҳо аз суратҳисоби эскроу ба суратҳисоби ташкилоти девелоперӣ гузаронида мешаванд. Дар сурати аз ҷониби сохтмончӣ иҷро нашудани ӯҳдадориҳо, ин маблағҳо ба соҳибашон баргардонида мешаванд. Ба маблағҳое, ки дар суратҳисоби эскроу қарор доранд, ҳеҷ гуна мусодира татбиқ намешавад.
Президент ин пешниҳодҳоро маъқул дониста, супориш дод, ки асоси ҳуқуқии низом таҳия карда, он бо вазорату идораҳои соҳаи сохтмон ҳамгиро карда шавад.