Олимон усули тавассути овоз муайян кардани диабети қандро пайдо карданд

    Тандурустӣ 13 Sentabr 2024 912

    Олимони Пажӯҳишгоҳи тандурустии Люксембург технологияи ташхиси диабети қандро бо истифода аз сабти садои 25 сониявии бемор таҳия кардаанд.

    Дар ин бора хидмати матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

    Бино ба маълумоти манбаъ, дар тадқиқот 607 нафар ихтиёриён, ки ташхиси навъи дуюми ин беморӣ гузошта шуда, ин патология аниқ нагардида буд, ширкат варзиданд. Ба онҳо матнҳои иборат аз 2-3 ҷумла тақдим гардида, дар давоми 25 сония овозашон сабт карда шуд.

    Сипас овозҳо ба модели зеҳни сунъӣ, ки барои муайян кардани диабети қанд пешбинӣ шудааст, боргирӣ карда шуданд. Барномаи инноватсионӣ дар давоми сонияҳо то 6000 хусусияти овозии иштирокчиёни тадқиқот, аз қабили баландӣ, шиддат, оҳангро таҳлил кардааст.

    Дар ниҳоят, алгоритмҳои нармафзор тавонистанд мавҷудияти диабети қандро дар мардон 71 фоиз ва дар занон 66 фоиз дуруст муайян кунанд.

    Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин технология дар оянда боз ҳам такмил дода мешавад.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates