Натиҷаҳои иҷрои барномаҳои трансформатсия ва нақшаҳо барои оянда баррасӣ шуданд

    Президент Шавкат Мирзиёев 2 декабр бо рафти иҷрои барномаҳои трансформатсияи корхонаҳои металлургӣ ва нақшаҳои онҳо барои соли 2025 шинос шуд.

    Дар ҳафт соли охир истеҳсолот дар ин соҳа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳаҷми солонаи истихроҷи тилло нисбат ба соли 2016 26 тонна, нуқра 77 тонна ва мис 32 ҳазор тонна зиёд шудааст.

    Дар панҷ соли охир ба соҳаи маъдани кӯҳӣ тақрибан 9,5 миллиард доллар сармоя ҷалб гардида, 15 лоиҳаи калон ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, ин соҳа ба яке аз муҳимтарин қувваҳои пешбарандаи иқтисодиёт табдил ёфта, ҳиссаи он сеяки ҳаҷми умумии истеҳсоли саноатии кишварро ташкил медиҳад.

    Саноати маъдани кӯҳӣ рушди соҳаҳои дигарро, ба мисли электроника, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноати кимиё ва заргарӣ тавассути таъмин кардани онҳо бо ашёи зарурӣ ҳавасманд мекунад. Ғайр аз ин, комбинатҳо бо зиёда аз 60 корхонаҳои хурду миёна ҳамкорӣ мекунанд.

    Идомаи ин кор ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ҳанӯз вазифаи муҳими рӯз мебошад. Корхонаҳои соҳа бояд ба ширкатҳои ҷолиб барои бозорҳои молиявии байналмилалӣ табдил ёбанд.

    Дар ҷаласа вазири саноати маъдани кӯҳӣ ва геология, инчунин роҳбарони комбинатҳо нақшаҳои худро барои оянда пешниҳод карданд.

    Соли 2025 ба лоиҳаҳои соҳаҳои маъдани кӯҳӣ ва геология 1 миллиард доллар сармоя ҷалб карданианд. Истеҳсоли каолин бояд 50 фоиз афзоиш ёбад ва истихроҷи ангишт ба 10 миллион тонна расад.

    Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ имсол бори аввал евробондҳоро дар бозори байналмилалӣ ҷойгир кард ва бо фоизи паст 1 миллиард доллар ҷалб намуд. Соли оянда нашри евробондҳо ба маблағи боз 500 миллион доллар дар назар аст.

    Дар Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ фабрикаи сеюми ғанисозии маъдани мис ба истифода дода мешавад, дар Комбинати маъдани Ӯзбекистон бошад, маҷмааи навтари рехтагарӣ ва прокати металл бунёд мегардад. Комбинати маъданҳои технологӣ истеҳсоли металлҳои нодирро, ки дар «иқтисодиёти сабз» серталабанд, васеъ хоҳад кард.

    Президенти мамлакат таъкид намуд, ки соли оянда комбинатҳо бояд тавассути трансформатсия тағйироти калонро амалӣ намуда, рақобатпазирии худро дар бозорҳои ҷаҳонӣ баланд бардоранд.

    Аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини соҳа инҳо номбар шуданд: коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот, рақамикунонии пурраи фаъолияти корхонаҳо, ҷалби сармоя аз бозорҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва автоматизатсияи раванди истеҳсолот.

    Президент қайд кард, ки корхонаҳо бояд ба тағйироти иқтисоди ҷаҳонӣ зуд мутобиқ шуда, ташаббус нишон диҳанд. Чораҳо оид ба коҳиши хароҷот дар асоси принсипҳои сарфа ва самаранокӣ, инчунин таъмини муназзами саноат бо ашёи хоми зарурӣ муайян гардиданд.