Трамп ба Вазорати амнияти дохилии ИМА, инчунин Вазорати адлия ва Департаменти давлатӣ супориш дод, ки ҳамаи чораҳои имконпазирро барои хориҷ кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аз тариқи сарҳади ҷанубӣ ба кишвар ворид мешаванд, амалӣ намоянд.
Инчунин, Трамп ҳуқуқи муҳоҷирони ғайриқонунмро, ки аз тариқи сарҳади ҷанубӣ ба ИМА ворид шудаанд, барои бо баҳонаи ҷустуҷӯи паноҳгоҳ дар кишвар мондан мехоҳанд, маҳдуд кард.
Трамп ҳанӯз пеш аз пирӯзӣ дар интихобот ваъда дода буд, ки «калонтарин барномаи депортатсия дар таърихи Амрикоро барои хориҷ кардани ҷинояткорон оғоз мекунад» ва онро дар рӯзи аввали бозгашти худ ба Кохи сафед роҳандозӣ менамояд. Ӯ теъдоди муҳоҷироне, ки бояд депортатсия шаванд, ба 15-20 миллион нафар арзёбӣ карда буд, хабар медиҳад rbc.ru.