«Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон як қатор номзадҳоро барои мақоми сармураббии дастаи миллӣ баррасӣ ва таҳлил карда, бо мутахассисони ботаҷрибаи маҳаллӣ ва хориҷӣ гуфтушунид анҷом дод. Пешниҳодоти Шӯрои мураббиён низ ба таври муфассал баррасӣ гардид.
Бо дарназардошти он, ки то бозиҳои ҳалкунандаи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ вақти кам боқӣ мондааст, ассотсиатсия интихобро ба нафъи Тимур Кападзе қарор дод, ки бо даста ва бозингарон хуб ошно аст. Ӯ тӯли солҳои зиёд барои дастаи миллӣ бозӣ карда, ҳамчун сармураббӣ ва ёвари мураббӣ фаъолият доштааст. Бо дастаи олимпии Ӯзбекистон ба натиҷаҳои таърихӣ ноил гардид», - омадааст дар изҳороти АФУ.
Гуфта мешавад, ки дар айни замон дастаи миллии Ӯзбекистон ҷамъомади тамриниро дар Қатар мегузаронад. Тимур Кападзе ба даста пайваста, ба идораи он шурӯъ кардааст.
Аз соли 2019 инҷониб Тимур Кападзе сармураббии дастаи ҷавонони Ӯзбекистон (U-19) буд. Дар ин вазифа ӯ ҷойгузини Сречко Катанес гардид, ки бинобар вазъи саломатӣ аз мақом истеъфо дод.