Ҳудуди МОИ «Қӯқанд» васеъ карда мешавад

    Саноат 11 Iyul 2024 1347

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи чораҳо оид ба васеъ гардондани ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Қўқанд” (ҚП № 250 аз 10 июли соли 2024) қабул гардид.

    Мувофиқи қарор, ба мақсади дар вилояти Фарғона офаридани иқтидорҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Қўқанд” (МОИ "Қӯқанд") аз ҳисоби қитъаҳои замини майдони умумиашон 210,4 гектар, ки ба таркиби заминҳои захираи ҳокимияти шаҳри Қӯвасой ворид шудаанд, васеъ гардонда мешавад. Нақшаи генералии ҳудуди васеъшавандаи МОИ "Қӯқанд" таҳия ва тасдиқ карда шуда, инҳо ба назар гирифта мешаванд:

    корхонаи унитарии "Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Қӯқанд" хангоми тартиб додани нақшаи генералӣ ташкилоти фармоишгар муайян карда мешавад;

    ташкилоти лоиҳакашии таҳияи лоиҳаи нақшаи генералӣ аз рӯи натиҷаҳои савдои тендерӣ (озмун) муайян карда мешавад.

    То охири соли 2026 дар ҳудуди васеъшавандаи МОИ "Қӯқанд" азхудкунии сармоягузориҳо ба маблағи на камтар аз 1 миллиард доллар таъмин гардида, беш аз 11,7 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулоти иловагӣ ба маблағи 965 миллион доллар дар як сол, аз он аз рӯи самти маҳсулоти ба содирот нигарондашуда -- ба маблағи 313,6 миллион доллар таъмин карда мешавад, хабар медиҳад Вазорати адлия.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates