Шавкат Мирзиёев Доналд Трампро табрик кард

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 ноябр ба Доналд Трамп ба муносибати пирӯзиаш дар интихобот ва интихоб шуданаш ба мақоми Президенти Иёлати Муттаҳидаи Амрико

    табрик фиристод:

    Ба Ҷаноби Олӣ

    Доналд Ҷон Трамп,

    Президенти интихобшудаи Иёлати Муттаҳидаи Амрико


    Муҳтарам ҷаноби Трамп!

    Шуморо ба муносибати ба вазифаи Президенти Иёлати Муттаҳидаи Амрико интихоб шуданатон самимона табрик менамоям ва бо камоли қаноатмандӣ ба Шумо табрики самимӣ ва орзуҳои нек баён мекунам.

    Ғалабаи боварибахши Шумо дар интихобот бори дигар равшан собит кард, ки мардуми Амрико барномаву нақшаҳои шуморо, ки ба таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва иқтидори иқтисодии ИМА, таъмини рушду шукуфоии ҷаҳонӣ нигаронда шудаанд, ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба ва моҳир фаъолона дастгирӣ мекунад.

    Мо ба мавқеи тағйирнопазири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба дастгирии истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишварамон, инчунин пуштибонии доимии он аз ислоҳоти густурдаи мо, ки бебозгашт гаштаанд, баҳои баланд медиҳем.

    Алоҳида қайд кардан мехостам, ки маҳз дар давраи нахустини президентии Шумо, пас аз музокироти судманди мо, ки моҳи майи соли 2018 дар Кохи Сафед баргузор шуд, марҳилаи нави шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Иёлати Муттаҳида оғоз ёфт.

    Ба шарофати таваҷҷуҳи шахсии Шумо муносибатҳои байнидавлатии мо ба сатҳи бесобиқаи рушд расида, муколамаи сиёсии мо бар асоси эътимод, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигар таҳким ёфта, робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, гуманитарӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтанд.

    Ба шарофати табодули фаъоли боздидҳои намояндагони сатҳи олӣ ва қонунгузор ҳамкории мо ба сатҳи сифатан нав баромад.

    Муҳтарам ҷаноби Президент!

    Мо минбаъд ҳам аз давом додани муносибатҳои дӯстона бо Маъмурияти ИМА таҳти роҳбарии шумо, татбиқи пурраи ҳамаи созишномаҳои дар сатҳҳои олӣ ва баланд ҳосилгардида манфиатдорем.

    Мо инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби платформаи “C5+1” ва Созишномаи тиҷорат ва сармоягузории Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро ҷонибдорӣ менамоем. Итминон дорам, ки талошҳои муштараки мо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, бонкӣ-молиявӣ, энергетика, нақлиёт, инчунин кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия, маориф ва ғайра бо лоиҳаҳои нав пурсамар ғанӣ мегардонад.

    Бовар дорам, ки дар оянда таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон ва мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии он як қисми таркибии ҳамкории мо хоҳад шуд.

    Бо мақсади ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамаҷониба мо интизори сафари расмии Шуморо ба Ӯзбекистон ҳастем.

    Бо истифода аз фурсат бори дигар Шуморо бо ин ғалабаи таърихӣ аз таҳти дил табрик гуфта, ба шумо саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Амрико сулҳу оромӣ ва пешрафти устувор таманно дорам.

    Бо эҳтироми самимӣ,

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон