Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид карданд, ки канали Панама ҳуқуқан ба Панама тааллуқ дорад ва «ИМА-ро аз талошҳои бозгардондани он ба ҳар роҳ» огоҳ карданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 21 январ, Politico хабар медиҳад.
«Мо интизор дорем, ки дар ҷараёни муҳокимаҳои эҳтимолии байни роҳбарияти Панама ва Президенти ИМА Доналд Трамп оид ба назорати канали Панама ҷонибҳо ба низоми ҳуқуқии байналмилалии амалкунандаи ин роҳрави муҳими обӣ арҷ мегузоранд», гуфт директори Департаменти Амрикои Лотинии Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Щетинин.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ӯҳдадориҳои худро дар мавриди нигоҳ доштани бетарафии доимии канали Панама тасдиқ мекунад ва ҷонибдори он аст, ки ин роҳи байналмилалии транзитии обӣ бехатар ва кушода бошад.
Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп дар моҳи декабри соли 2024 Панамаро таҳдид карда буд, ки канали Панамаро аз он бигирад, агар ин кишвар ба фикри ӯ, пардохтҳои аз ҳад зиёдро бас накунад, хабар медиҳад korrespondent.net.