Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд онҳоро сарвари давлатамон ва ҳамсараш пешвоз гирифтанд.
Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар бардошта шуда, каровули фахрӣ саф орост.
Тибқи барнома, музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои амиқтар кардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.
Дар натиҷаи ин ҳамоиш роҳандозии як қатор лоиҳаҳои бузурги муштараки ҳамкорӣ ва имзои бастаи муҳими ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.