Пешгӯии обу ҳаво барои 23 январ

    Сайёраи сабз 23 Yanvar 2025 1055

    Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё ва водии Фарғона субҳ гоҳ-гоҳ барфи сабук меборад. Дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад.

    Суръати шамол дар як сония 7-12 метрро ташкил намуда, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 2 дараҷа сард - 3 дараҷа гарм, дар шимол 0-5 дараҷа сард мешавад.

    Бино ба маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт бориш пешбинӣ нашудааст. Суръати шамол дар як сония 5-10 метрро ташкил медиҳад. Ҳарорат 1 дараҷа сард - 1 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ барф борида, эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Тошканд ва Намангон хатари тармафароӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа сард мешавад.