Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард” дар таҳрири нав ба муҳокимаи умум гузошта шуд

    Нақлиёт 15 May 2024 1046

    Лоиҳаи қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард» дар портали лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳокима пешниҳод карда шуд. Таҳрири нави қонун аз 6 боб ва 47 модда иборат аст.

    Мақсади қонуни мазкур аз инҳо иборат аст:

    ташкил ва истифодаи шабакаи роҳҳои автомобилгард ба манфиати истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, соҳибони роҳҳои автомобтлгард ва давлат, муайян кардани асосҳои амалигардонии фаъолияти роҳ;

    такмил додани хоҷагии роҳ;

    таъмини бехатарӣ ва рушди роҳҳои истифодаи умум, беҳтар намудани ҳолати техникии онҳо;

    ҳавасмандгардонии ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва стандартҳо дар соҳаи фаъолияти роҳ;

    таъмини рақобати муассир ва одилона дар бозори кор ва (ё) хизматрасонӣ дар соҳаи фаъолияти роҳ;

    беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва ҳаракати нақлиёт;

    таъмини ҳамгироии роҳҳои автомобилгард ба шабакаи байналмилалии нақлиёт.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates