Президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки шаҳрвандони дар садамаҳои нақлиётӣ дар вилояти Пенза ҳалок ва захмишуда ба Ватан оварда шаванд

    Муҳим 12 Yanvar 2024 3652

    Шаби 11 январ дар вилояти Пензаи Федератсияи Русия микроавтобус ба мошини боркаш бархӯрд. Дар ин садама ҳафт нафар шаҳрванди Ӯзбекистон ҳалок ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

    Президент Шавкат Мирзиёев супориш дод, ки ҷасади ӯзбекистониёни ҳалокшуда, инчунин ҷароҳатбардошта ба ватан бо ҳавопаймои махсуси Вазорати мудофиа оварда шаванд, хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулодда.

    “Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ба Ватан расонидани шаҳрвандони фавтида ва осебдида тавассути ҳавопаймоҳои махсуси Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодда, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва нақлиёт, Агентии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ ва созмонҳои дигари дахлдор тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд», — гуфта мешавад дар хабари вазорати вазъиятҳои фавкулодда.

    Мувофиқи маълумоти қисми навбатдории Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия, 11 январ, тахминан соати 02:20 ба вақти Маскав, дар километри 504-уми шоҳроҳи федералии М-5 "Урал", ки аз ноҳияи Нижнеломовскии вилояти Пенза мегузарад, микроавтобуси JAC, ки ба самти Маскав ҳаракат мекард, ба хатти ҳаракати рӯ ба рӯ даромада, бо мошини боркаши Volvo бархӯрд. Аз 9 шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар дохили микроавтобус буданд, 7 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи тиббӣ қарор доранд.

    Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин зикр кард, ки масъулини Федератсияи Русия барои рафъи оперативии оқибатҳои садама ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба осебдидагон кумаки бевосита мерасонанд.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates