Президент: Халқе, ки устодони худро қадр мекунад, обрӯву эътибори баланд дорад

    Дар Тошканд бахшида ба таҷлили 1-уми октябр – Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён маросими тантанавӣ баргузор шуд.

    Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев дар оғози суханронии худ аз номи тамоми халқ кормандони соҳаи таълим ва тарбияро бо ин ҷашни муҳим самимона табрик намуда, ба онҳо эҳтироми беандоза зоҳир намуд.

    Мо намояндагони халқи бузургу маърифатпарвар ҳастем, ки муаллимро ҳамеша эхтиром мекарданд, ӯро чун падар бузург мепиндоранд. Кадом аҷдоди машҳури таърихро нагиред, хоҳед дид, ки ҳама ба устодони худ эҳтироми беандоза доштанд. Ҷомеае, ки муаллимашро иззату эҳтиром мекунад, бешак пеш меравад ва рушд мекунад. Халқе, ки устоди хешро баланд қадр мекунад, дар ҷаҳон эҳтироми амиқ дорад», таъкид дошт Сарвари давлат.

    Сарвари давлат қайд кард, ки дар паси ҳар як кори назаррас, ҳар як бозёфт ва дастоварди зиндагӣ меҳнат, сабру таҳаммул ва меҳри омӯзгор қарор дорад.

    – Маориф аз ҳама соҳаҳои муҳимтарин аст, мактаб муҳимтарин муассиса ва касби омӯзгорӣ аз ҳамаи касбҳо шарифтарин аст. Барои ман шахсан муаллим шахсест, ки аз ӯ нур меборад. Инҳо одамоне мебошанд, ки ҳамеша дар сафи пеши замони мо меистанд, ватандӯстони содиқ ба Ватан ва халқи худ мебошанд. Аз ин рӯ, халқи мо бузургтарин сарвати худ – таълиму тарбияи фарзандони худро ба муаллимон бовар карда месупорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки хирадмандии мураббиён ва зиндагиро амиқ дарк намудани онҳо дигаронро ба корҳои нек ва ноил шудан ба комёбиҳо водор месозад.

    – Тағйир додани шуур ва ҷаҳонбинии инсон асоси тағйироти ҷомеа аст. Агар ҷомеа тағйир наёбад, пешравӣ ҳам намешавад. Аммо кӣ қодир аст тафаккури одамон ва аз ин рӯ, тамоми ҷамъиятро тағйир диҳад? Берунию ал-Хоразмию Фарғониҳои навро кӣ тарбия карда метавонад? Ба иҷрои ин вазифаи бузург, ин рисолати воқеан таърихӣ танҳо шумо, устодону мураббиён қодиред, – гуфт Президент.

    Сарвари давлат ҳамчунин қайд кард, ки имрӯз ҷавонони кишвари мо дар олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд. Ин ғалабаҳо пеш аз ҳама натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи муаллимону мураббиҳо мебошанд.

    Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 сентябр, барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи маориф, фаъолияти намунавиашон дар тарбияи насли солиму баркамол, инчунин иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ як гурӯҳ ҳамватанон бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Ин мукофотҳо дар маросими тантанавӣ супурда шуданд.

    – Бо меҳнати худ сазовори эҳтиром шудан, дар байни мардум шаъну шараф пайдо кардан хушбахтии ҳақиқист. Ин махсусан ба муаллимон ва мураббиён дахл дорад. Шаъну шараф ва мавқеъи шумо дар ҷомеа ҳамеша баланд бошад, устодони азиз, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Мукофотонидашудагон ба сухан баромада, ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва саҳми баландаш дар рушди фаъолияти омӯзгорон, инчунин қадрдонии саҳми хоксорона, вале назарраси онҳо барои ояндаи мамлакат миннатдории самимӣ баён намуданд.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates