Маҳаллаи нав соли 2021 таъсис ёфтааст. Дар 48 бинои бисёрхонагӣ ва 625 хонадон беш аз 11 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар маҳалла кӯдакистон, мактаби варзишӣ, поликлиникаи оилавӣ, клиникаи хусусӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, мағозаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ мавҷуданд. Имсол бо кумаки 49 лоиҳаи хурд шуғли 116 нафар таъмин гардид.
Пештар ин ҷойҳо дурдаст ва ноободу ноҷозиб буданд. Аз соли 2018 сар карда, хонаҳои замонавӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон ва майдонҳои варзишӣ сохта шуданд. Муҳит ободу зебо гардид.
Бинои сеқабатаи маҳалла низ дар ҳамин сол аз нав бунёд шуд. Дар ошёнаи аввали он утоқҳои раиси маҳалла ва кормандонаш, китобхона ва гӯшаи ҷадидҳо ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаҳои болоӣ маркази таълимии фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин толори фитнес фаъолият дорад. Қисми таҳхонаи бино бошад, ҳамчун мономарказ барои касбомӯзии ҷавонон ташкил карда шудааст.
Роҳбари давлат бо шароитҳо шинос шуд. Бо фаъолони маҳалла ва пирони рӯзгор суҳбат намуд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар солҳои охир ноҳияи Янгиҳает босуръат тағйир ёфта, роҳҳои нави нақлиётӣ ва корхонаҳо бунёд шудаанд, ки ҳаётро равнақ бахшидаанд.
— Ҳадафи сафари имрӯзаи мо дидани натиҷаҳои қарорҳои қабулкардаи мо, зиндагии мардум мебошад. Ҳамон тавре ки дар ин ноҳия пешравӣ ҳаст, мо кӯшиш мекунем ҳар як минтақаро рушд диҳем, барои мардум шароити мусоид фароҳам орем ва ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем. Ҳамчунин, мо ба маориф ва тарбия, фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд медиҳем. Агар дониш ва маънавият қавӣ бошад, иқтисодиёт низ рушд мекунад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент инчунин бо фаъолияти боғчаи хусусии 150-нафарӣ, ки шароити замонавӣ фароҳам шудааст, ошно шуд. Ин боғча дар ду ошёнаи аввали хонаи 16-қабата, ки имсол ба истифода дода шудааст, ҷойгир аст. Ҳангоми таҷҳизонидани утоқҳои муассиса, ба ҳамоҳангии замонавият ва миллӣ аҳамияти хос дода шудааст.
Дар маҳалла занони кӯдакдор зиёданд. Барои онҳо дар наздикии маҳалла ҷойҳои корӣ дар самтҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва дигар касбҳо ташкил карда мешаванд. Ин боғча барои онҳо хеле мувофиқ гардид. Онҳо бо хотири ҷамъ ба кор машғул шуда, даромади иловагӣ барои оилаашон пайдо мекунанд.
Таъкид гардид, ки барномаҳои муҳими кишвар маҳз дар маҳаллаҳо амалӣ шуда, ба низом ваколат ва имкониятҳои бузург дода мешаванд. Таъкид шуд, ки ин корҳо дар ободонии маҳаллаҳо ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум инъикос меёбанд.