Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бар асари суқути ҳавопаймо даргузашт

    Муҳим 20 May 2024 2210

    Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бар асари суқути ҳавопаймо даргузашт - чархболе, ки ӯ ҳамроҳи сарвари вазорати корщои хориҷа дар он парвоз мекард, суқут кард. Хабаргузории давлатии Меҳр хабар медиҳад, ки ҳеҷ яке аз онҳое, ки дар чархбол парвоз мекарданд, зинда намондааст.

    "Иброҳим Раисӣ ҳангоми хидмат ва иҷрои вазифаҳои худ дар назди мардуми Эрон ба садама дучор шуд ва ба шаҳодат расид", - омадааст дар баёнияи ин ниҳод.

    Ба иттилои ин ниҳод, чархболе, ки дар дохили он Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон ва Ҳусейн Амир-Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи якшанбе дар ҷангалзори дар Озарбойҷони Шарқӣ (музофоти Эрон) суқут кард. Пас аз якчанд соати ҷустуҷӯ макони чархбол ошкор шуд. Дар баробари ин маълум шуд, ки мусофирони чархбол ҳалок шудаанд.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates