Президент бо фаъолияти кластери чорводорӣ шинос шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти кластери чорвопарварии "Jizzax Organic"-и ноҳияи Зомин шинос шуд.

    Корхонаи арзишаш 200 миллион доллар панҷ сол пеш ба кор оғоз намуда буд. Дар ҳудуди комплекси калон ҳам оғилхонаҳои кушод ва ҳам ангарҳои пӯшида сохта шудаанд.

    Дар марҳилаи аввал аз кишварҳои Аврупо ва ИМА 4 ҳазор сар чорвои навъи "Ангус" ва "Герефорд" ва аз Австралия 2 ҳазор сар гӯсфанди навъи "Дорпер" оварда шуд.

    Дар мамлакати мо чунин маҷмӯъҳо барои таъмини фаровонӣ ва дастраси маҳсулоти асосии озуқаворӣ — гӯшту шир аҳамияти калон доранд.

    Кластери "Jizzax Organic" қодир аст, ки 10 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 4 ҳазор сар гӯсфандро парвариш кунад ва дар як сол то 5 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол намояд. 750 нафар бо кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

    Тамоми равандҳои истеҳсолӣ дар корхона рақамӣ карда шудаанд. Дар 1 ҳазору 300 гектар замини корам технологияи сарфаи об ҷорӣ карда шуд. Барои ин аз Австралия, Олмон ва ИМА таҷҳизоти замонавӣ оварда шудааст. Саройи кластер тақрибан 200 воҳиди таҷҳизотро дар бар мегирад, ки арзиши он 10 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар ин ҷо барои кори селексионию генетикӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

    Барои истеҳсоли хӯроки чорво 12 ҳазор гектар ҷудо карда шудааст. Корҳо бобати барқарор намудани ҳосилхезии заминҳое, ки дар давоми даҳсолаҳои охир истифода нашуда буданд, низ давом доранд. Дар ин сурат ба баровардани нуриҳои органикӣ ва киштгардон диққати махсус дода мешавад.

    Ба сарвари давлатамон лоиҳаҳои нав ва нақшаҳои кластер тақдим карда шуд.

    Таъкид гардид, ки аз ҳисоби сармоягузории 28 миллион доллар солона коркарди 20 ҳазор тонна шир ва 5 ҳазор тонна гӯшт дар назар аст. Дар майдони боз 2 ҳазор гектар бо усули обёрии қатравӣ хӯроки чорво истеҳсол карда мешавад.

    Имрӯзҳо дар чорводорӣ масъалаи зотпарварии чорво аҳамияти муҳим дорад. Зоти чорвои парваришкардаи аҳолӣ ҳоло 10 фоизро ташкил медиҳад. Бинобар ин кори бордоркунии сунъиро вусъат дода, зоти маҳаллиро беҳтар кардан зарур аст.

    Бо назардошти ин, кластер ба нақша гирифтааст, ки дар 15 маҳаллаи Зомин, Зарбдор ва Янгиобод системаи парвариш ва харидории чорвои навъи "Ангус"-ро роҳандозӣ намояд.

    Ба масъулин супориш дода шуд, ки дар маҷмӯи хизматрасонии молиявие, ки ба маҳаллаҳо тавассути бонкҳо расонида мешаванд, имкониятҳои чорвопарваронро барои зиёд намудани истеҳсоли хӯрока ба назар гиранд.

    Бо ҳамин сафари сарвари давлат ба вилояти Ҷиззах анҷом ёфт.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates