Президентҳои Ўзбекистон ва Русия хотира ва корнамоии халқҳои моро пос доштанд

    Ҳукумат 27 May 2024 1755

    Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дар доираи барномаи чорабиниҳои ҳамоиш ба маҷмӯи меъмории “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Тошканд ташриф оварданд.

    Халқҳои сермиллати мамлакатҳои мо хотираи таърихи умумии чандинасра ва саҳифаҳои дурахшони он, аз ҷумла Ғалабаи Ҷанги дуюми ҷаҳонро эҳтиёткорона нигоҳ медоранд.

    Таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев тамоюли “Баҳри шаъну шарафи инсон” ба афзалияти мутлақи барномаи ислоҳот бардошта шуд. Аз ҷумла, бо ташаббуси сарвари давлат 9 майи соли 2020 ба мақсади абадӣ гардондани хотираи қаҳрамониҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон дар майдонҳои ҷанг ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ Боғи Ғалаба кушода шуда буд. Ҳудуди васеи маҷмӯъ бо рангҳои эҳсосии ба худ хос - даҳшатҳои ҷанг ва қаҳрамонии аскарон, матонат ва фидокориҳои фронти ватанӣ, ғаму андӯҳ, шодиву миннатдорӣ ба чанд минтақа тақсим шудааст.

    Дар ҷараёни сафар Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия ба пояи муҷассамаи “Мадҳияи матонат”-и ба хотираи бевазан Зулфия Зокирова бунёдёфта, ки дар ҷанг аз 5 писараш ҷудо шудааст, гулчанбар гузошта, хотираи ҳалокшудагонро пос доштанд.

    Дар баландтарин нуқтаи маҷмаа – дар болои теппаи сунъӣ композитсияи ҳайкалии «Ҷасорати абадӣ» - муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генерал-майор Собир Раҳимов ва тамоми аскарони ӯзбек, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок доштанд, гузошта шудааст.

    Дар дохили теппа павилони асосии боғ - Музеи Шуҳрат бо экспонатҳо бахшида ба таърихи иштироки Ӯзбекистон дар ҷанг ҷойгир аст.

    Роҳбарон бо экспозитсияи бойи музей шинос шуда, аҳамияти муносибати эҳтиёткоронаро ба хотираи умумии гузаштаи қаҳрамониҳо қайд намуданд. Таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни мардум нақши калидӣ дорад.

    Миқёс ва азамати Боғи Ғалаба ба аъзои ҳайати Русия таассуроти калон бахшид.



    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates