Президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 30 Avgust 2021 5248

    30 август мулоқоти телефонии  Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба амал омад.

    Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти ду кишвар табрикҳои самимиашонро баҳам дида, аз самими қалб ба халқҳои бародари Ӯзбекистон ва Қирғизистон сулҳ, ободӣ ва шукуфоӣ таманно карданд.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ўзбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардиданд.

    Ба татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар мулоқоти сатҳи олӣ моҳи марти соли равон дар Тошканд ба даст омадаанд, таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

    Муҳимияти идома додани ҳамкории зич дар сатҳи ҳукумат бо мақсади пешбурди самараноки лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин барномаҳои мубодилаи туристӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид гардид.

    Президентҳо инчунин рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла дар заминаи авҷ гирифтани вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистонро баррасӣ карданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates