15 январ дар қароргоҳи «Қасри аш-Шатӣ» дар шаҳри Абу-Дабӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад Ол Наҳайён гуфтушунидҳоро дар ҳайати маҳдуд ва бо иштироки аъзои ҳайатҳои расмӣ баргузор карданд.
Дар оғози мулоқот Президенти Ӯзбекистон ба Президенти АМА барои даъват ва пазироии гарм миннатдории самимӣ баён намуд, инчунин барои бомуваффақият баргузор гардидани «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Дабӣ» табрик гуфт.
Сарони давлатҳо масъалаҳои калидии тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷабҳаи Ӯзбекистон ва АМА, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, инноватсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ карданд.
Қайд гардид, ки халқҳои Ӯзбекистон ва АМА-ро решаҳои чуқури таърихӣ, арзишҳо ва анъанаҳои умумӣ, инчунин дини муқаддаси ислом мепайвандад.
Таъкид шуд, ки сафари роҳбари Ӯзбекистон ба АМА дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав мекушояд – онҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ мебароянд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар солҳои охир ҳаҷми мумилоти мол ва сармоягузорӣ, инчунин шумораи корхонаҳои муштарак якчанд маротиба афзудааст. Шиддати парвозҳои мустақим зиёд шуд ва низоми бидуни виза ҷорӣ гардид.
Дар доираи сафар портфели нави лоиҳаҳо бо ширкатҳои пешбари АМА, асосан дар соҳаҳои баландтехнологӣ ташаккул ёфтааст.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи тамосҳои сиёсӣ муҳимияти рушди минбаъдаи муколама байни идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар таъкид гардид.
Роҳбарони ду кишвар 6 самти асосии модели нави ҳамкории иқтисодиро дар чунин самтҳои калидӣ, ба мисли зеҳни сунъӣ, рақамисозӣ, энергетикаи «сабз», шаҳрсозӣ ва инфрасохтор, сайёҳӣ, бизнеси хусусӣ муайян карданд. Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои кории алоҳида барои ҳар як самти афзалиятноки ҳамкорӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Ҷонибҳо пешниҳоди ҳамчун «Давраи нави шарикии иқтисодӣ байни Ӯзбекистон ва АМА» эълон кардани солҳои 2025–2027-ро дастгирӣ карданд.
Дар ин замина андешидани тадбирҳои ба 10 баробар зиёд кардани ҳаҷми савдои мутақобила то соли 2030 ва расонидани портфели сармоягузорӣ ба 50 миллиард доллар нигарондашуда вазифаҳои калидӣ муайян гардиданд.
Ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ва тавсеаи фаъолияти сармоягузории ширкатҳои АМА дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ба масъалаҳои тавсеаи мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Сарвари давлати мо пешниҳод намуд, ки барномаи муштараки омодасозии кадрҳои баландихтисос ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ба номи Муҳаммад бин Зайд оғоз карда шавад.
Дар рафти гуфтушунидҳо омодагӣ ба чорабиниҳои ояндаи сатҳи олӣ, аз ҷумла ба саммити дуюми муколамаи «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабӣ дар халиҷ», ки имсол дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, баррасӣ гардид.
Роҳбарон инчунин дар бораи ҷанбаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.