Бо ин институти пешрафтаи молии хориҷӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштарак баррасӣ гардиданд.
Роҳбари мамлакатамон бо мамнуният қайд кард, ки сафари кунунии роҳбари JICA марҳалаи нави ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва техникӣ оғоз мебахшад. Нақши оҷонсӣ ба сифати шарики стратегӣ дар дастгирии ислоҳот бобати бунёди Ӯзбекистони Нав қайд гардид.
Ҳоло портфели лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои энергетика, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ ва об, нигоҳдории тандурустӣ, таълим ва ғайра беш аз 8 миллиард долларо ташкил медиҳад. Соли гузашта барномаи сесолаи ҳамкорӣ қабул гардида буд.
Маркази рушди захираҳои инсонии Ӯзбекистон-Ҷопон ва Маркази инноватсионии ҷавонон фаъолияти босамар пеш мебаранд.
Тавассути оҷонсӣ беш аз 2,5 ҳазор мутахассиси ӯзбекистонӣ дар Ҷопон таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ карданд. Ихтиёриёне, ки аз ин мамлакат омаданд, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Ӯзбекистон саҳм мегузоранд.
Ғайр аз ин, чанде пеш аз рӯйи бунёд ва таҷҳизонидани Маркази илмиву амалии тиббии махсуси неврология ва инсулти ҷумҳурӣ дар шаҳри Тошканд созишнома имзо гардид.
Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои JICA-ро оид ба густариши фаъолияти он дар мамлакати мо дастгирӣ кард.
Аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои сектори хусусӣ, таъсиси минтақаи махсуси иқтисодӣ барои сармоягузорони ҷопонӣ, ифтитоҳи донишгоҳи Ҷопон, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ таъкид гардид.
Аз рӯйи татбиқи механизмҳои нави пешбурди лоиҳаҳои ҷорӣ ва ояндадор дар асоси “Харитаи роҳ” мувофиқа ба даст омад.