Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Федератсияи Русияро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 ноябр ҳайати Федератсияи Русияро таҳти сарварии муовини Раиси Ҳукумати ин кишвар Дмитрий Чернишенко қабул кард.

    Дар таркиби ҳайати Русия ҳамчунин вазирон Алексей Чекунков ва Сергей Кравсов низ иштирок карданд.

    Масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Русия мувофиқи созишномаҳои сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

    Дар оғози мулоқот Дмитрий Чернишенко ба сарвари давлатамон саломи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Раиси Ҳукумат Михаил Мишустинро расонд.

    Дар рафти мулоқот ба васеъ гардондани мубодилаи таълимӣ ва инсонпарварӣ байни кишварҳо, аз ҷумла масъалаҳои роҳандозии фаъолияти филиалҳои нави мактабҳои олии бонуфузи Русия дар Ӯзбекистон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ эътибори алоҳида дода шуд.

    Аҳамияти қабули «харитаи роҳ»-и муштарак оид ба роҳандозии шарикии амалии минтақаҳои кишварамон бо минтақаҳои Шарқи Дури Русия таъкид шуд.

    Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо аз афзоиши гардиши мутақобилаи сайёҳон, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангиву варзишӣ манфиатдор мебошанд.