Дар масъалаҳои истифодаи мақсадноки маблағҳо ва татбиқи самараноки барномаҳо назорати молиявӣ аҳамияти калидӣ дорад. Дар солҳои охир фаъолияти Палатаи ҳисоб тағйироти назаррасро паси сар кардааст ва ба сохторе табдил ёфтааст, ки барои риояи интизоми буҷет дар минтақаҳо мусоидат мекунад. Ба ҷои системаи кӯҳнашудаи тафтишот низоми аудит мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ гардид. Дар "Индикатори аудити берунӣ"-и Бонки ҷаҳонӣ Ӯзбекистон ба сатҳи "хуб" расид.
10 июли соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ барои таҳкими назорати молиявӣ аз болои истифодаи маблағҳои буҷетӣ» қабул гардид. Дар он вазифаҳои такмил додани низоми аудити дохилӣ дар вазоратҳо ва мақомоти давлатӣ, инчунин гузаронидани аудити берунӣ оид ба иҷрои буҷети муттаҳид пешбинӣ шуданд.
Раванди трансформатсияи рақамии идора идома дорад: системаи автоматии иттилоотии "Аудити фосилавӣ" ҷорӣ шуд, ки ба он 34 вазорату идораҳо муттаҳид карда шудаанд.
Дар натиҷа, Палатаи ҳисоб дар соли 2024 тавассути манбаъҳои нав ба буҷет 3,7 триллион сӯм даромадҳои иловагӣ таъмин кард. Хароҷоти ғайрисамараноки вазоратҳо ва идораҳо ба маблағи 9,2 триллион сӯм оптимизатсия карда шуданд, камбудиҳои молиявӣ ба маблағи 2,3 триллион сӯм пешгирӣ гардиданд. Дар соҳаи хариди давлатӣ камбудиҳо ба маблағи 4,5 триллион сӯм ошкор ва бартараф карда шуданд.
Зикр шуд, ки бояд кор дар ин самт дар соли ҷорӣ низ идома дода шавад.
Бо ин мақсад, ба системаи "Аудити фосилавӣ"-и Палатаи ҳисоб пойгоҳҳои додаҳои 110 вазорату идораҳо ҳамроҳ карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар соли ҷорӣ тамоми хароҷоти буҷетӣ ба маблағи 480 триллион сӯм зери назорат гирифта шавад.
Вазифаи доимӣ пайдо кардани манбаъҳои иловагии даромад ба буҷет, пешгирии хатарҳои молиявӣ ва дигар хатарҳо боқӣ мемонад. Мониторинги фаъолияти молиявии корхонаҳои дорои ҳиссаи давлат низ аҳамияти муҳим дорад.
Дар соли ҷорӣ барои таъмини пуррагии воридоти 309 триллион сӯм ба буҷет андешида мешаванд. Амалияи аудит оид ба меъёрҳои байналмилалии лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ мешаванд, оғоз мегардад.
Президент ба зарурати риояи қатъии интизоми молиявӣ ва сарфакорӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ ишора кард.