Дар бораи чораҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо маълумот дода шуд

    Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимот, ки баланд бардоштани сифати таълими мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар мактабҳо нигаронда шудааст, шинос шуд.

    Дар ин бора 30 сентябр дар мулоқот бо омӯзгорони Донишкадаи миллии маҳорати педагогӣ сухан рафт. Сарвари давлат аҳамияти ин се самтро барои ташаккули шахсияти донишҷўён таъкид намуда, аҳамияти беҳтар гардондани таълими онҳоро нишон дод.

    Масалан, 21 фоизи муаллимони мусиқии мактабҳо танҳо маълумоти миёнаи махсус доранд ва баъзеи онҳо навохтани асбобҳои мусиқиро намедонанд. Сабаби ин дар мавҷуд набудани системаи такмили ихтисоси амалии муаллимони мусиқӣ, инчунин таъсири нокифояи робитаи ҳамкорӣ бо мактабҳои мусиқӣ ва мактабҳои санъат мебошад. Натиҷаи ҳамин аст, ки хатмкунандагони донишкадаҳои маданият муаллим шуда кор карда наметавонанд.

    Ба ин муносибат барои беҳтар намудани сифати таълим дар мактабҳо як қатор тадбирҳо пешниҳод карда мешаванд.

    Аз ҷумла, сатҳи дониш ва маҳорати касбии омўзгорони мусиқӣ арзёбӣ шуда, низоми такмили ихтисоси онҳо таъсис дода, дар ин самт дастурҳои таълимӣ таҳия гардида, тартиби нави додани тоифаҳо ба омўзгорон ҷорӣ карда мешавад.

    Дар асоси таҷрибаи мусбати “Театри мактабии Турон” дар мактабҳо дастаҳои ҳунарии «Иқтидор» таъсис дода мешаванд. Ғайр аз ин, хатмкунандагони мактабҳои олӣ, ки аз рӯи ихтисоси «Мусиқа ва санъат» таҳсил кардаанд, ба кори мактабҳо иҷозат дода мешавад.

    Зарурати ба мактабҳои миёна ба сифати муассисаҳои ёрирасон вобаста кардани мактабҳои мусиқӣ ва санъати вилоят, инчунин барои ошкор намудани хонандагони болаёқат мунтазам гузарондани конкурсҳо қайд карда шуд.

    Ба спорти оммавӣ васеъ ҷалб намудани ҷавонон низ вазифаи муҳим аст.

    Мактабҳо аз рӯи 22 намуди олимпӣ, 19 намуди ғайриолимпӣ ва 4 намуди миллии варзиш машғулиятҳо мегузаронанд. Аммо барои муаллимони тарбияи ҷисмонӣ асбобу анҷоми таълимӣ мавҷуд нест, хоста гирифтани талабагон мураттаб нест.

    Ба ин муносибат воситаҳои таълимӣ оид ба тарбияи ҷисмонӣ тартиб дода, нақшаҳои таълим такмил дода мешаванд. Системаи миллии баҳодиҳии сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ҷорӣ карда мешавад. Аз соли нави хониш дар ҳама ҷо клубҳои спортии мактаббачагон ташкил карда мешаванд. Ғайр аз ин тартиби нави ба муаллимон додани разрядҳо ва системаи рейтинги спортии мактабҳо тартиб дода мешавад.

    Воқеияти муосир низ такмили низоми тарбияи ватандӯстиро тақозо мекунад, ки барои ин бояд кормандони ҳарбӣ ва омӯзгорони тайёрии ибтидоии пеш аз даъват намуна бошанд. Ҳоло дар мактабҳо қариб 10 ҳазор нафар чунин муаллимон кор мекунанд, вале 27 фоизи онҳо мутахассис нестанд ва дар 2750 мактаб барои таълими ин фан шароит мавҷуд нест.

    Аз ин рӯ, ҳоло ҳайати омӯзгорони синфҳои ибтидоии омодагии тодаъватӣ ба ихтиёри Вазорати мудофиа вогузор шудааст. Минбаъд ба ин вазифа хидматчиёни ҳарбии захираи Қувваҳои Мусаллаҳ қабул карда мешаванд. Барномаҳои нави таълим ва китобҳои дарсӣ низ тартиб дода мешаванд. Дар ҳар ноҳия ва шаҳр дар заминаи як мактаб «Мактаби шуҷоат» ташкил карда мешавад.

    Масъулин дар бораи нақшаҳои ташкили кор дар ин самт маълумот доданд. Сарвари давлат ҷиҳати ба куллӣ тағйир додани низоми омодасозии омӯзгорон аз рӯи ин ихтисосҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани талаботи тахассусӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дастурҳо дод.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates