Муаррифии равишҳои нав дар коҳиши камбизоатӣ

    Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии тадбирҳо оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва коҳиши камбизоатӣ бо истифода аз равишҳои нав шинос шуд.

    Дар соли равон ба нақша гирифта шудааст, ки 5 миллиону 200 ҳазор шаҳрванд бо ҷои кор таъмин карда шуда, 1,5 миллион нафар аз камбизоатӣ бароварда шаванд. Бори аввал, 60 ноҳия ва шаҳр ҳамчун минтақаҳое, ки аз камбизоатӣ ва бекорӣ озод мебошанд, эътироф хоҳанд шуд.

    Бо ҳамкории бонкирҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст, ки барои 1,5 миллион нафар ҷои кори доимӣ таъмин карда, беш аз 2 миллион шаҳрванд ба соҳибкорӣ ҷалб шаванд. Барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории хурд дар соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 120 триллион сӯм қарзҳои бонкӣ ҷудо карда мешаванд.

    Бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ равишҳои нави коҳиши камбизоатӣ дар 32 самт ҷорӣ хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дар 300 маҳаллаи мушкилсоз неругоҳҳои офтобии иқтидори умумиашон 107 мегаватт бунёд карда мешаванд, ки барои истифодабарии онҳо аъзоёни оилаҳои камбизоат ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

    Дар 123 ноҳия ба шаҳрвандоне, ки даромади кам доранд, барои ташкили майдонҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ дар 20 ҳазор гектар замин, инчунин барои парвариши растаниҳои шифобахш кор пешниҳод карда мешавад. Барои ҳар 100 дарахти шинондашуда ба онҳо 375 ҳазор сӯм субсидия дода мешавад.

    Дар минтақаҳое, ки дорои иқтидори сайёҳӣ мебошанд, ният аст, ки хонаҳои меҳмонӣ ва нуқтаҳои хӯрокхӯрии ҷамъиятӣ кушода шаванд, инчунин дар назди як қатор шӯъбаҳои почта марказҳои тиҷорати электронӣ таъсис дода шаванд, ки дар он ҷо намояндагони оилаҳои камбизоат низ бо ҷойҳои кор таъмин хоҳанд шуд.

    Дар маҷмӯъ, дар соли 2025 дар 6 472 маҳалла лоиҳаҳо тибқи равишҳои нав амалӣ карда мешаванд, ки ба аз камбизоатӣ баровардани 210 ҳазор нафар мусоидат мекунанд.

    Ба деҳаҳои дурдасте, ки шароити махсусан душвор доранд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Дар ин деҳаҳо Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон барои ташаккули рӯҳияи соҳибкорӣ, коҳиши рӯҳияи туфайлихӯрӣ ва дастгирии фаъолияти меҳнатии оилаҳои камбизоат тадбирҳо меандешад.

    Сарвари давлат бори дигар таъкид намуд, ки соли 2025 дар коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ солаи ҳалкунанда хоҳад буд ва дастур дод, ки ба татбиқи барномаҳои пешниҳодшуда муносибати низомнок ва ҳадафмандона таъмин карда шавад.

    Ба Вазорати шуғл ва коҳиши камбизоатӣ супориш дода шуд, ки иҷрои ин вазифаҳоро зери назорати қатъӣ гирад. Ҳар як ташаббус ва чорабинии пешниҳодшуда ба платформаи электронӣ ворид шуда, ҷойҳои кори эҷодшуда тавассути пойгоҳи андозӣ тафтиш карда мешаванд.

    Ҳамчунин, аҳамияти ташкили омӯзиш барои кормандони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва «ҳафтгонаи маҳалла» ва инчунин пешбурди таҷрибаи пешқадам қайд гардид.