Қатораи нави тезҳаракат дар хатсайри наздишаҳрии "Тошканд - Хӯҷақент - Тошканд" ба роҳ монда шуд. Ҳар рӯз қатора дар ҳар самт се рейс анҷом медиҳад.
Қатораи мазкур бо суръати максималии 120 километр дар як соат ҳаракат намуда, роҳ аз Тошканд то Ҳоҷиқентро дар муддати 1 соату 15 дақиқа тай мекунад.
Вагонҳо салони васеъ доранд, курсиҳо бо портҳои USB барои қувватдиҳӣ ба гаҷктҳои муосир муҷаҳҳаз шудаанд, ҷойгоҳҳои васеи бағоҷ, низоми назорати иқлим ва тозакунии ҳаво мавҷуданд.
Ба мусофирони имконияташон маҳдуд ва шахсони дорои маъюбият таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ҳамаи шароити зарурӣ барои сафарҳои бароҳат фароҳам оварда шудааст.
Нархи роҳкиро барои калонсолон 20 000 сӯм, барои кӯдакон 11 500 сӯмро ташкил медиҳад. Пардохт тавассути корти нақлиётии ATTO ё хариди чиптаҳои онлайн анҷом дода мешавад.