Доналд Трамп метавонад бинобар муҳоҷирон вазъияти фавқулода эълон кунад

    Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп пас аз ба маснаднишинии худ метавонад барои мубориза бо муҳоҷирон дар кишвар вазъияти фавқулода эълон кунад, менависад Newsweek.

    "Доналд Трамп даъватҳоро барои таҳияи нақшаи "вазъияти фавқулодаи миллӣ" дар доираи сиёсати депортатсияи оммавии худ дастгирӣ кард", — омадааст дар хабар.

    Гуфта мешавад, ки ӯ ин қадамро барои истифодаи захираҳои ҳарбӣ барои депортатсияи ҷинояткорони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шудаанд, баррасӣ мекунад.

    Трамп қаблан таҳдид карда буд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро оммавӣ депортатсия ва аз 25 то 100 дарсад тарифҳои содиротии Мексикаро ба ИМА ҷорӣ мекунад, агар ин кишвари Амрикои Лотинӣ ҷараёни муҳоҷирон ва инчунин гардиши маводи мухаддирро ба ИМА назорат накунад, хабар медиҳад ria.ru.