Дар ҷараёни боздид роҳбари марказ, подполковники пулис Виктор Прянечников хабар дод, ки айни замон дар ин муассиса 66 шаҳрвандони Ӯзбекистон қарор доранд, иттилоъ медиҳад ИА «Дунё».
Дипломатҳо бо ҳамватанони худ, ки дар марказ ҷойгиранд, вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо раванди масъулияти маъмурӣ барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Русияро шарҳ доданд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳои бозгашти шаҳрвандон ба Ватан, аз ҷумла тартиби хариди билетҳои ҳавопаймо тавзеҳоти муфассал пешниҳод гардида, роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳо баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, ба ҳамватанон маълумот расонида шуд, ки шомил шудани шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қувваҳои мусаллаҳ ё ширкатҳои хусусии ҳарбии хориҷӣ ҷиноят ба шумор меравад ва тибқи қонунгузории ҷиноятии кишвар ҷазо дода мешавад.
Дипломатҳо бо мақомот мувофиқа карданд, ки Консулгарии генералӣ барои шаҳрвандоне, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият мушкил доранд, ҳуҷҷатҳои заруриро омода менамояд.