Ҳайати Ӯзбекистон дар таркиби ҳокимони ноҳияҳову шаҳрҳо таҷрибаи Олмонро меомӯзанд

    Ҳайати Ўзбекистон дар таркиби ҳокимони як қатор ноҳияву шаҳрҳо бо сафари корӣ дар иёлати федералии Баварияи Олмон қарор доранд.

    Барнома аз ҷониби Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳанс Зайдел ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ташкил карда шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ҳадаф шиносоӣ бо хадамоти давлатии шаҳрвандии Олмон, аз ҷумла низоми худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби сармоя, дастгирии соҳибкории хурд ва табодули таҷриба дар соҳаи коммуникатсия ва сохтмон мебошад.

    Дар рӯзи аввали сафар аъзои ҳайат бо Дабири кулли Фонди Ҳанс Зайдел Оливер Йорг, мэри ҳавзаи Мюнхен Кристофер Гебел ва корманди масъули Раёсати марказии Осиёи департаменти равобити байналмилалӣ, саноат ва инноватсияи Палатаи савдо ва саноати Баварияи Боло Ютта Албрехт мулоқот карданд.

    Сафар, ки ба табодули малака ва таҷриба нигаронида шудааст, то 7 июл идома хоҳад кард.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates