Ҳуҷуми бесарнишинҳо ба Грозний

    Субҳи имрӯз се бесарнишин ба шаҳри Грозний ҳамла карданд, иттилоъ дод раиси Ҷумҳурии Чеченистон Рамзан Қодиров дар канали Telegram-и худ.

    "Се бесарнишин имрӯз субҳ ба Грозний ҳамла карданд. Дутои онҳо аз ҷониби неруҳои дифои зиддиҳавоӣ нобуд карда шуданд. Сеюмаш дар ҳудуди ОМОН "АХМАТ-Грозний" дар Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Чеченистон афтод," – навиштааст ӯ.

    Раиси минтақа таъкид кард, ки дар натиҷаи ин ҳамла талафоти ҷонӣ ва захмиён вуҷуд надорад.

    Ҳамзамон, Қодиров қайд намуд, ки барои ҳар кӯшиши ҳуҷуми Неруҳои Мусаллаҳи Украина ба ҳадафҳо дар ҳудуди Русия ҷавоби сахттар ва дақиқтар дода мешавад.

    "Бинобар ин, имрӯз ман маълумоти фаврии аз ҷониби ҷосусони мо ҷамъоваришударо дар бораи ҷойгиршавии миқдори зиёди укрофашистон супурдам. Дар натиҷа, аллакай соати 12 рӯз Қувваҳои ҳавоии Русия ду ҳамлаи "Искандер"-ро ба яке аз иншоотҳои шаҳри Харков, ки дар он ҷо низомиёни бригадаи 82-уми десанти Украина ҷойгир буданд, анҷом доданд," – гуфт ӯ.

    Қодиров афзуд, ки дар натиҷаи амалиёти низомии Русия тақрибан 200 сарбози украинӣ ҳалок шуданд.

    Киев қариб ҳар рӯз кӯшиш мекунад бо бесарнишинон ба ҳадафҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ ва марказии Русия ҳуҷум кунад. Қувваҳои дифои зиддиҳавоӣ бо муваффақият ин ҳавопаймоҳои душманро нобуд мекунанд, хабар медиҳад ria.ru.


    No date selected
    February 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    Use cursor keys to navigate calendar dates