Ширкати ҳавопаймоии World2Fly аз Испания ба Ӯзбекистон парвозҳоро оғоз мекунад

    Нақлиёт 22 May 2024 898

    Ширкати ҳавопаймоии испании World2Fly Мадридро бо ду шаҳри Ӯзбекистон - Тошканд ва Урганҷ бо парвозҳои чартерӣ мепайвандад.

    Аввалин парвози мусофирбарӣ дар масири "Мадрид - Тошканд" 23 майи соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳавопаймо баробари сайёҳон, инчунин ба Ӯзбекистон операторони бузурги сайёҳии Испания, журналистон ва блогерҳо меоянд.

    Қарор аст, ки парвозҳо дар самтҳои “Мадрид – Тошканд – Мадрид” ва “Мадрид – Урганҷ – Мадрид” дар ду ҳафта як маротиба анҷом дода шаванд. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои навъи Airbus A330-300 анҷом дода мешаванд.

    Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи аввал парвозҳои чартерӣ то охири моҳи июн идома ёфта, аз сентябр то октябри соли 2024 дубора барқарор мешаванд.

    Барои маълумот: World2Fly ширкати ҳавопаймоии мусофирбарии испанӣ буда, соли 2020 таъсис ёфтааст ва қароргоҳаш дар Пальма-де-Майорка (Испания) мебошад.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates